Корхонаи «Кока-Кола» дар Душанбе соли 2016 сохта мешавад

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишномаи сармоягузорӣ  байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати туркии «Кока-Кола- Ичечек А. С» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботиро баррасӣ ва тасдиқ намуд. Зимни шарҳи созишнома ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки баҳри амалисозии созишномаи мазкур […]

Аваз Юлдошев



Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишномаи сармоягузорӣ  байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати туркии «Кока-Кола- Ичечек А. С» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботиро баррасӣ ва тасдиқ намуд.

Зимни шарҳи созишнома ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки баҳри амалисозии созишномаи мазкур дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Ба қавли Файзуллозода, дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа ҳаҷми маблағгузорӣ 30 млн. ва дар марҳилаи дуюм – 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, иқтидори корхона ба истеҳсоли 100 млн. литр маҳсулоти ғайримашруботӣ дар як сол баробар хоҳад буд.

Муовини аввали вазир ҳамчунин қайд кард, ки амалисозии лоиҳа моҳи майи соли 2015 дар Душанбе оғоз гардида, марҳилаи аввали сохтмони он ахири соли оянда ба итмом мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки давоми панҷ соли аввал баъди ба истифода додани корхона аз ҳисоби пардохти ҳамаи навъи андозҳо ба буҷети давлатӣ 20 млн. доллари ИМа маблағ ворид гардида, 120 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойҳои домии корӣ таъмин карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.