Шиносоии нахуствазир бо рафти сохтмони иншоотҳо дар ҷануби кишвар

Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншоот аз наздик ошно мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб хабар дод, нахуствазир аз ҷумла бо рафти сохтмони иншоот дар ноҳияҳои Шӯроободу Восеъ ва шаҳри Кӯлоб шинос хоҳад шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанашон […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншоот аз наздик ошно мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб хабар дод, нахуствазир аз ҷумла бо рафти сохтмони иншоот дар ноҳияҳои Шӯроободу Восеъ ва шаҳри Кӯлоб шинос хоҳад шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанашон давоми соли равон, шурӯъ аз фарорасии ҷашни Наврӯз дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, Қ.Расулзода бо ҷараёни корҳои марҳилаи охири бунёди пули бузург дар маркази шаҳри Кӯлоб, бинои нави таълимии Донишгоҳи ба номи А.Рӯдакӣ ва дигар биноҳои идораву ташкилотҳо шинос мешавад.

«Дар ноҳияи Шӯрообод нахуствазир бо рафти сохтмони роҳҳо ва пулҳо аз маркази ноҳия то деҳоти Шоҳон, ки аз он ба самти Афғонистон пул бунёд мегардад, аз наздик ошно мегардад», – афзуд сарчашмаи хабар. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.