Кормандони Раёсати минтақавии гумруки Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд се ҳодисаи тариқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид намудани маводи сӯзишвориро пешгирӣ карданд
.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҷумла дар рафти гузаронидани амалиётҳои гумрукӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд се воситаи нақлиёте боздошт гардиданд, ки барои мусофиркашонӣ пешбинӣ шудаанду устокорона дар дохили онҳо зарфҳои калонҳаҷми сӯзишворӣ ҷойгир намуда шуда, бо ин восита шаҳрвандон мехостанд бо вазни умумии 5 ҳазору 874 литр сӯзишворо бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ ворид намоянд.
Гуфта мешавад, инчунин кормандони гумрук се адад воситаҳои нақлиётии боркашро, ки дар бордони онҳо бо дигар роҳу усулҳо, пинҳонӣ бо вазни умумии 28 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ ба таври қочоқ бе расмиёти гумрукӣ ворид менамуданд боздошт карданд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки гумрукчиёни вилоят воридоти ғайриқонунии молҳои таҳтиаксизӣ аз ҷумла чархҳои резинӣ, оби ҷав инчунин сигаретаҳои навъи «Балтийские» «Помир», «Винстон», «Кент» «Мирон» ва «Малборо» ба миқдори умумии 74 ҳадору 120 қуттичаро ошкор ва пешгирӣ намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.



