Дар асоси нақшаи якҷояи Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Коммисариати ҳарбӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва омода намудани ҷавонон барои хизмат дар Артиши миллӣ ҳамчунин бахшида ба таъсисии Рӯзи Артиши Миллӣ чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, нахустин чунин чорабинӣ дар қисми низоми 03377 Комендатураи харбии гарнизони Суғд доир гардида, дар чорабинии мазкур наздик 200 нафар ҷавонони синни то даъватӣ иштирок намуданд. Гуфта мешавад, сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии чавонон ба хизмати харбии камисаряти харбии шаҳри Хуҷанд капитан Нозимҷон Шоҳмаҳмадов наврасонро бо шароит ва низоми хизмати сарбозон ошно намуда, ҳамчунин ба иштирокдорони чорабинӣ тарзи истифодаи яроку аслиха, шароити хобгох, синфхонаи дарсиву истирохати ва ошхона намоиш дода шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки чорабинии мазкур аз, ки соли 2014 ба ҳукми анъана даромада, рӯзи дарҳои кушод дар дигар қисмҳои низомии маркази вилоят низ баргузор мегардад.



