Шиносоии ҷавонони Хуҷанд бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ

Дар асоси нақшаи якҷояи Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Коммисариати ҳарбӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва омода намудани ҷавонон барои хизмат дар Артиши миллӣ ҳамчунин бахшида ба таъсисии Рӯзи Артиши Миллӣ чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мегардад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, нахустин чунин чорабинӣ […]

ASIA-Plus



Дар асоси нақшаи якҷояи Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Коммисариати ҳарбӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва омода намудани ҷавонон барои хизмат дар Артиши миллӣ ҳамчунин бахшида ба таъсисии Рӯзи Артиши Миллӣ чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, нахустин чунин чорабинӣ дар қисми низоми 03377 Комендатураи харбии гарнизони Суғд доир гардида, дар чорабинии мазкур наздик 200 нафар ҷавонони синни то даъватӣ иштирок намуданд. Гуфта мешавад, сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии чавонон ба хизмати харбии камисаряти харбии шаҳри Хуҷанд капитан Нозимҷон Шоҳмаҳмадов наврасонро бо шароит ва низоми хизмати сарбозон ошно намуда, ҳамчунин ба иштирокдорони чорабинӣ тарзи истифодаи яроку аслиха, шароити хобгох, синфхонаи дарсиву истирохати ва ошхона намоиш дода шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки чорабинии мазкур аз, ки соли 2014  ба ҳукми анъана даромада, рӯзи дарҳои кушод дар дигар қисмҳои низомии маркази вилоят низ баргузор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.