Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Олмон

Барои нахустин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 13-ум то 17-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.   Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ ) иттилоъ доданд, Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкати “Умед” бо мусоидати МТБТоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи […]

ASIA-Plus



Барои нахустин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 13-ум то 17-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.

 

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ ) иттилоъ доданд, Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкати “Умед” бо мусоидати МТБТоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.

Ҳусейн Ғуломов, мудири иҷроияи Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, мегӯяд, “Ба МТБ барои фароҳам овардани ин имконияти вуруди ҳунарҳои миллӣ ба бозори аврупоӣ ибрози сипос менамоем. Мутмаин ҳастем, ки иштироки нахустини мо дар Ambiente бароямон ҳамчун як асоси таҷрибаандӯзӣ ҷиҳати тақвияти бештари ҳунарҳои дастӣ дар Тоҷикистон мегардад. Мо ба ин намоишгоҳ барои дарёфти ҳамкорҳо ва бозорҳои нав, бозёфти мӯду ҷараёнҳои нав дар олами ҳунарҳои дастӣ, ва ҳамчунин, барои намоиш додани зебоии нодири шарқии маҳсулоти тоҷикӣ ба муштариёни оянда омадаем”.

МТБ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат намуд. Мутахассисони лоиҳаи МБТ намояндагони корхонаҳоро бо роҳҳои дарёфти нафъи ҳарчӣ бештар аз намоишгоҳ, сар карда аз тарҳрезии иштирок то ба имзои созишномаҳои нав шинос карданд. Алфонс Эйлигман, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба бозорёбӣ, мегӯяд, мутахассисони МТБ бо ҳайъати Тоҷикистон “муштарак сари масъалаҳои интихоби маҳсулот ва беҳсозии он, таҳияи баргаи фурӯш, масъалаҳои ташкилотӣ, ва василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат ҳамкорӣ намуданд”.

МТБ бо ҳадафи боло бурдани тавоноии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ба иштироки онҳо дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МБТ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба корхонаҳои ҳамкори лоиҳа имкон медиҳад, то маҳсулоти худро ба намоиш бигзоранд, ҳамкорон ва муштариёни нав биёбанд, тамосҳои навро роҳандозӣ намоянд ва ҳамчунин доир ба бозорҳо, талаботи бозорҳо ва рақибонашон иттилооти муҳим ва лозимаро дарёфт намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.