Имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо варзишгарон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимзода тамоми варзишгаронро барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас, ишғол намудани ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани парчами ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо дар ин ҷода барору комёбиҳо таманно намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки сипас бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 400 нафар варзишгар мукофотҳои пулӣ ва ба беҳтаринҳо тӯҳфаҳои қимматнок аз қабили телевизор, чангашак, плита, соати дастӣ, соати деворӣ ва ғайра тақдим карда шуд.



