Узви КМИР аз ҲНИТ ду моҳ таҳти ҳабс қарор хоҳад гирифт

Нисбати мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудов чораи пешгирии ду моҳ таҳти ҳабс қарор додан татбиқ мешавад. Чунин қарор рӯзи 13 феврал аз ҷониби суди ноҳияи Исоили Сомонӣ содир гардид. Ҷ.Маҳмудов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ қарор дорад. Бузургмеҳр Ёров, адвокати Маҳмудов дар ин робита иттилоъ дод, ки зерҳимояаш […]

ASIA-Plus



Нисбати мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудов чораи пешгирии ду моҳ таҳти ҳабс қарор додан татбиқ мешавад. Чунин қарор рӯзи 13 феврал аз ҷониби суди ноҳияи Исоили Сомонӣ содир гардид. Ҷ.Маҳмудов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати Маҳмудов дар ин робита иттилоъ дод, ки зерҳимояаш қисман айби нигаҳдории силоҳро эътироф мекунад. «Ӯ мегӯяд, ки соли 1996 бо мақсади амният ба ӯ силоҳ дода шуда, гуноҳаш ин аст, ки саривақт онро қонунӣ накард ва тамоман аз хотираш фаромӯш шуда буд. Аз ин рӯ, ӯ қонун дар бораи нигаҳдории силоҳро риоя накардааст», – иброз дошт Ёров.

Ба гуфтаи Барот Беков, адвокати дигари узви фаъоли ҲНИТ, ҷониби ҳимоя дар бораи бекор кардани қарори суди ноҳия оид ба татбиқи чораи ҷазои дар ҳабс нигоҳ доштан ариза омода мекунад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи боздошти узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ 

изҳорот интишор кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.