Вазири корҳои дохилӣ 400 нафар варзишгаронро қадрдонӣ намуд

Имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо варзишгарон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимзода тамоми варзишгаронро барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас, ишғол намудани ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо варзишгарон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимзода тамоми варзишгаронро барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас, ишғол намудани ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани парчами ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо дар ин ҷода барору комёбиҳо таманно намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки сипас бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 400 нафар варзишгар мукофотҳои пулӣ ва ба беҳтаринҳо тӯҳфаҳои қимматнок аз қабили телевизор, чангашак, плита, соати дастӣ, соати деворӣ ва ғайра тақдим карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.