Кумак ба иштирокчиёни ҶБВ дар Суғд бо доруворӣ



Ҳукумати вилояти Суғд баҳри дастгирии иштирокчиёни ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти мартуботи раиси вилояти Суғд, дар ин хусус аз 12 феврали соли 2015 қарори навбатии Абдураҳмон, Қодирӣ «Дар бораи таъмин намудани иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ» аз ба тасвиб расид.

Гуфта мешавад, тибқи ин қарор Раёсати тандурустии вилоят муваззаф гардидааст, ки бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони бо онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ моҳе 5 ҳазор сомонӣ ва дар давоми сол 60 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин раисони шаҳру навоҳӣ низ вазифадор гардидаанд, ки барои таъмини иштирокчиён ва маъюбон бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное