Сафири Тоҷикистон дар ҳузури муовини вазири корҳои хориҷии Миср

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ рӯзи16 феврали 2015 дар Қоҳира ба муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод даъватномаи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони сарвазири Миср Иброҳим Маҳлабро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015-ро супурд. Ин конфронс  мувофиқи қатъномаи Маҷмаи […]

ASIA-Plus



Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ рӯзи16 феврали 2015 дар Қоҳира ба муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод даъватномаи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони сарвазири Миср Иброҳим Маҳлабро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015-ро супурд.


Ин конфронс  мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 рӯзҳои 9-11 июни 2015 дар Душанбе баргузор хоҳад гардид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср, муовини вазири корҳои хориҷии Миср бо изҳори ташаккур аз даъватномаи мазкур ва бо қадрдонӣ аз нақши боризи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд, ки кишвараш ният дорад дар конфронси Душанбе дар сатҳи баланди шоиста ва ба таври фаъол иштирок кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.