Бар асари фаромандани ярч дар минтақаи шарқи Душанбе Сумайя Қурбоноваи 2-сола ба ҳалокат расид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор дар маҳаллаи «Ховарон» рух додааст.
Зикр гардид, ки духтарча зери ярч монда, ҷароҳат бардоштааст ва ҳангоми мунтақил гардидан ба бемористон ҳалок шудааст.





