Аз оғози сол воридоти маҳсулоти нафтӣ қариб 45% коҳиш ёфт

Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 38 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 қариб 45% камтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи 30,1 млн. доллари ИМА 37,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода […]

Пайрав Чоршанбиев



Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 38 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 қариб 45% камтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи 30,1 млн. доллари ИМА 37,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст. Моҳи январи соли 2014 ба Тоҷикистон ба маблағи 56,7 млн. доллари ИМА 66,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.

Бо назардошти афзоиши ҳамасолаи воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон, ба ин миқдор коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ тааҷҷубовар аст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ба Тоҷикистон соли 2012 — 373 ҳазор тонна, соли 2013 – 376 ҳазор тонна ва соли 2014 – 580 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.