Як сокини вилояти Суғд дар манзили зисти иҷорааш қиморхона ташкил кардааст.
Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ муайян карда шудааст, ки сокини 51-солаи шаҳри Хуҷанд А.К. дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғайриқонунӣ қиморхона ташкил намуда, ба «тиҷорати қиморбозӣ»-и худ 12 нафар сокинони вилоятро ҷалб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



