Прокуророни вилоятҳо ва пойтахт аз мансаб барканор шуданд

Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ рӯзи 17 феврал садо дод, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов имрӯз прокуророни ҳамаи вилоятҳо ва шаҳри Душанберо аз мансабашон барканор кард. Аз Прокуратураи генералии ҶТ як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода, прокурори вилояти Хатлон […]

Аваз Юлдошев



Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ рӯзи 17 феврал садо дод, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов имрӯз прокуророни ҳамаи вилоятҳо ва шаҳри Душанберо аз мансабашон барканор кард.

Аз Прокуратураи генералии ҶТ як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода, прокурори вилояти Хатлон Сироҷиддин Нурзода, прокурори ВМКБ Муҳаммад Арбобзода ва прокурори шаҳри Душанбе Мирзошариф Шарифзода аз вазифаашон озод карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон прокуророни нави вилоятҳо ва пойтахт таъин карда мешаванд. То таъини онҳо иҷрои вазифаи прокуророни вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба зиммаи муовинони аввали онҳо вогузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.