Густариши макони содироти маҳсулоти ширкатҳои Тоҷикистон

Ширкати тоҷикистонии «Субҳи Ватан» ва ширкати тиҷоратии хариду фурӯши «АЛЕФ»-и Қазоқистон оид ба интиқоли маҳсулоти консервшуда аз Тоҷикистон ба ин кишвар ба маблағи 90 ҳазор доллари ИМА қарордод ба имзо расониданд. Тавре хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ хабар медиҳад, ин қарордод дар доираи кори Намоишгоҳи 21-уми байнулмилалии маҳсулоти ғизойӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати тоҷикистонии «Субҳи Ватан» ва ширкати тиҷоратии хариду фурӯши «АЛЕФ»-и Қазоқистон оид ба интиқоли маҳсулоти консервшуда аз Тоҷикистон ба ин кишвар ба маблағи 90 ҳазор доллари ИМА қарордод ба имзо расониданд.

Тавре хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ хабар медиҳад, ин қарордод дар доираи кори Намоишгоҳи 21-уми байнулмилалии маҳсулоти ғизойӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли он «Продэкспо-2015» дар шаҳри Маскав ба имзо расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ширкати тоҷикистонӣ аз вилояти Суғд ба Қазоқистон шарбат (сок), афшурдаи помидор, пиёзи анзур, мураббоҳо ва дигар маҳсулот содирот мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ ҳамчунин миёни ширкати «Оро Исфара» ва ҶДММ «Фруктовые линии»-и шаҳри Маскав ба маблағи 1 млн. $, ҳамчунин миёни «Оро Исфара» ва ҶДММ «Фруктовые линии»-и шаҳри Маскав бо ширкати туркии «Santa Vita» оид ба таҳвили хушкмева ва дигар меваҷот ба Туркия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шартномаҳо ба имзо расиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар байни ҶСП корпоратсияи «Баракат» ва ширкати «АГРОТЕХСЕРВИС» (ш.Владивосток, Русия) дар бораи ба минтақаҳои Русия содирот намудани сабзавоту меваи тару тоза аз Тоҷикистон гуфтушунид ҷараён дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.