Эҳтимоли болоравии нархи орд дар Тоҷикистон

Date:



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бар ин назаранд, ки афзоиши назарраси талабот ба зироати ғалладонаи Қазоқистон метавонад ба болоравии нархи орд дар Тоҷикистон боис гардад.

Дар гузориши моҳонаи «Мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорат қайд мешавад, ки маҳдуд шудани содироти зироати ғалладона аз Русия ба афзоиши талабот ба зироати ғалладона аз Қазоқистон оварда мерасонад.

«Вазорати кишоварзии Қазоқистон оид ба захираҳои кофии ин навъи маҳсулот маълумот медиҳад, вале афзоиши назарраси талабот ба болоравии нархи содиротӣ ва мутаносибан зиёд шудани нархи орд, аз ҷумла дар Тоҷикистон боис шуда метавонад», – омадааст дар гузориш.

Мутахассисон ба чунин хулоса расидаанд, ки сатҳи болоравии нархҳо бештар ба тамоили умумии нархҳои байнулмилалӣ ба гандум ва имконоти тиҷоратӣ берун аз ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста хоҳад буд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли равон нархи орди гандум дар бозорҳои ҷумҳурӣ устувор боқӣ мондааст. Ба санаи 30 январи соли 2015 дар бозорҳои пойтахт нархи миёнаи 1 халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 156,87 сомонӣ (29,2 $) ва нархи 1 халта орди истеҳсоли Қазоқистон 162,66 сомонӣ (30,2$)-ро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 11,8 ҳазор тонна орд ва 58,5 тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта мутаносибан 35,6% ва 21,5% камтар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...