Эҳтимоли болоравии нархи орд дар Тоҷикистон

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бар ин назаранд, ки афзоиши назарраси талабот ба зироати ғалладонаи Қазоқистон метавонад ба болоравии нархи орд дар Тоҷикистон боис гардад. Дар гузориши моҳонаи «Мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорат қайд мешавад, ки маҳдуд шудани содироти зироати ғалладона аз Русия ба афзоиши талабот ба зироати ғалладона аз Қазоқистон […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бар ин назаранд, ки афзоиши назарраси талабот ба зироати ғалладонаи Қазоқистон метавонад ба болоравии нархи орд дар Тоҷикистон боис гардад.

Дар гузориши моҳонаи «Мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорат қайд мешавад, ки маҳдуд шудани содироти зироати ғалладона аз Русия ба афзоиши талабот ба зироати ғалладона аз Қазоқистон оварда мерасонад.

«Вазорати кишоварзии Қазоқистон оид ба захираҳои кофии ин навъи маҳсулот маълумот медиҳад, вале афзоиши назарраси талабот ба болоравии нархи содиротӣ ва мутаносибан зиёд шудани нархи орд, аз ҷумла дар Тоҷикистон боис шуда метавонад», – омадааст дар гузориш.

Мутахассисон ба чунин хулоса расидаанд, ки сатҳи болоравии нархҳо бештар ба тамоили умумии нархҳои байнулмилалӣ ба гандум ва имконоти тиҷоратӣ берун аз ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста хоҳад буд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли равон нархи орди гандум дар бозорҳои ҷумҳурӣ устувор боқӣ мондааст. Ба санаи 30 январи соли 2015 дар бозорҳои пойтахт нархи миёнаи 1 халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 156,87 сомонӣ (29,2 $) ва нархи 1 халта орди истеҳсоли Қазоқистон 162,66 сомонӣ (30,2$)-ро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 11,8 ҳазор тонна орд ва 58,5 тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта мутаносибан 35,6% ва 21,5% камтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.