Омори кушташудагони ғайринизомӣ дар Афғонистон ба болотарин ҳадди худ расидааст

Талафоти ғайринизомӣ дар амалиёти ҷангии байнулмилалии соли гузашта дар Афғонистон 22 дарсад афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Bokhdinews.af Дар гузориши солонаи Дафтари Созмони милали муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) дар соли 2014 ҳудуди 10 ҳазору 548 ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд, ки болотарин рақами кушташудагон нисбат ба соли 2009 будааст. Бар асоси ин гузориш дар соли гузашта […]

ASIA-Plus

Талафоти ғайринизомӣ дар амалиёти ҷангии байнулмилалии соли гузашта дар Афғонистон 22 дарсад афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Bokhdinews.af

Дар гузориши солонаи Дафтари Созмони милали муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) дар соли 2014 ҳудуди 10 ҳазору 548 ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд, ки болотарин рақами кушташудагон нисбат ба соли 2009 будааст.

Бар асоси ин гузориш дар соли гузашта 3699 нафар кушта шудаанд, ки ин рақам 25 дарсад афзоиш ва 6849 ғайринизомӣ захмӣ шудаанд, ки 21 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Дар маҷмуъ шумори талафоти ғайринизомӣ дар соли гузашта 22 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин рақам дар солҳои ахир бесобиқа будааст.

Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст, ки:

“72 дарсади талафоти ғайринизомӣ ба мухолифони мусаллаҳи давлат нисбат дода шуда ва 14 дарсад аз сӯи нерӯҳои тарафдори ҳукумат, 12 дарсади он нерӯҳои амниятии Афғонистон ва 2 дарсад нерӯҳои байнулмилалӣ ҳастанд”

, навиштааст хабаргузории Bokhdinews.af.

Афзоиши талафоти ғайринизомӣ дар Афғонистон аз ҳисоби кӯдакону занон дар даргириҳои мусаллаҳона

“кӯдакон 40 дарсад ва занон 21 дарсад нисбат ба соли 2013-ро нишон медиҳад ”,

омадааст дар гузориш.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.