Сарбози захмишудаи Вазорати мудофиа муваффақона ҷарроҳӣ шуд

Сарбози Вазорати мудофиа Наҷмиддин Қаюмов, ки рӯзи 8 феврал бо захми тир бистарӣ шуда буд, муваффақона ҷарроҳӣ шуда, таҳти муоинаи мунтазами ҳайати тиббии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, алҳол табибон ба бозпурсиву суҳбат бо ӯ иҷоза намедиҳанд, вале ҳарчанд зиёд гап задан ба ӯ […]

Аваз Юлдошев



Сарбози Вазорати мудофиа Наҷмиддин Қаюмов, ки рӯзи 8 феврал бо захми тир бистарӣ шуда буд, муваффақона ҷарроҳӣ шуда, таҳти муоинаи мунтазами ҳайати тиббии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, алҳол табибон ба бозпурсиву суҳбат бо ӯ иҷоза намедиҳанд, вале ҳарчанд зиёд гап задан ба ӯ тавсия нашуда бошад ҳам, сарбоз аллакай мустақилона ҳарф мезанад.

Бино ба иттилои манбаъ, сарбоз аз шуъбаи эҳёгарии бемористон ба палатаи муқаррарӣ гузаронида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 8 феврал Наҷмиддин Қаюмов, ки тирамоҳи соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, бо захми тир бистарӣ гардид. Ӯ нахуст дар госпитали ҳарбии пойтахт ва сипас дар Маркази миллии тиббӣ бо захми тир дар сараш бистарӣ шуд.

Санҷиши хизматии доиргардида аз эҳтимол дур намедонад, ки сарбоз худаш ба сараш тир парронидааст.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки сабаби ба сари худ тир холӣ кардани сарбози артиши Тоҷикистон Наҷмиддин Қаюмовро баъди баҳуш омадан ва суҳбат бо худи сарбоз метавон ошкор намуд.


Акс аз радиои Озодӣ 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.