Душанбеву Исломобод масъалаи ҳамкорӣ дар бахши коркарди нафтро баррасӣ карданд

Рӯзи 25  феврали соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири федеролии нафт ва захираҳои табиии Покистон Шаҳид Хоқон Аббосӣ мулоқот кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи коркарди нафт ва рушди инфрасохторҳои энергетикию нақлиётӣ баррасӣ шуданд. Ба иттилои манбаъ, худи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 25  феврали соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири федеролии нафт ва захираҳои табиии Покистон Шаҳид Хоқон Аббосӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи коркарди нафт ва рушди инфрасохторҳои энергетикию нақлиётӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар Дафтари марказии Ширкатии миллии сохтмонии Ҳиндустон (National Buildings Construction Corporation Ltd.) мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов бо Мудири кулл ва ҳамзамон директори иҷроияи он ширкат ҷаноби Ануп Кумар Миттал баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот Сафир ҳамсӯҳбатро бо шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ, бозори сохтмони дохилии Тоҷикистон, имкониятҳои мавҷуда ва дастовардҳои кишвар шинос намуда, ҷонибҳо дар бораи имкониятҳо ва равиши ба роҳ мондани ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.