КМИР: Кӯчаву хиёбонҳо бояд аз маводи таблиғотӣ холӣ шаванд

То анҷоми имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар, нуқтаҳои савдо ва воситаҳои нақлиёт бояд аз маводи таблиғотии аёнии аҳзоби сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ тоза карда шаванд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Аббдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки чун интихобот ба санаи 1-уми март таъин […]

ASIA-Plus



То анҷоми имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар, нуқтаҳои савдо ва воситаҳои нақлиёт бояд аз маводи таблиғотии аёнии аҳзоби сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ тоза карда шаванд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Аббдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки чун интихобот ба санаи 1-уми март таъин шудааст, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, маъракаи таблиғотии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ, вохӯриҳои онҳо бо интихобкунандагон бояд рӯзи 27 феврали соли 2015 ба итмом расонида шаванд.

«Бар асоси меъёрҳои қонунгузории интихоботии Тоҷикистон, санаи 28 феврал, як рӯз қабл аз интихобот дар ҷумҳурӣ Рӯзи хомӯшӣ эълон карда мешавад ва дар ин рӯз ба ҳама гуна таблиғ, аз ҷумла мавҷуд будани шиору овезаҳои аёнӣ низ иҷозат дода намешавад» – қайд кард Додозода.

Номбурда таъкид дошт, ки назорати гирифтани лавҳаву шиор ва дигар маводи таблиғотӣ аз кӯчаву хиёбон ва дигар нуқтаҳо ба зиммаи масъулони қитъаҳои интихоботии маҳаллӣ ва ҳамчунин комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ вогузор шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.