Боздиди сафири Ҷопон аз дафтари кории ҲХДТ

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Раънохон Маҳмудзода сафири кабири кишвари Ҷопон  дар Тоҷикистон ҷаноби Такаши Комадаро ба ҳузур пазируфта, бо ӯ мулоқот  анҷом  дод.   Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суҳбат Раънохон Маҳмудзода ба дипломати ҷопонӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихобот, раванди таблиғоти пешазинтихоботӣ ва тарзу  услуби  замонавии  таъсиррасонӣ ба электорат […]

ASIA-Plus



Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Раънохон Маҳмудзода сафири кабири кишвари Ҷопон  дар Тоҷикистон ҷаноби Такаши Комадаро ба ҳузур пазируфта, бо ӯ мулоқот  анҷом  дод.

 

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суҳбат Раънохон Маҳмудзода ба дипломати ҷопонӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихобот, раванди таблиғоти пешазинтихоботӣ ва тарзу  услуби  замонавии  таъсиррасонӣ ба электорат маълумот дода, қайд кард, ки ҲДТТ  фаъолияти  худро дар доираи   қонунҳои  интихоботӣ   роҳандозӣ намуда, аз шароиту  муқаррароте, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ   ҷиҳати таблиғоти пешазинтихоботӣ манзур намудааст,  самаранок  истифода  мебарад.

«Дар баробари ин бо табақаҳои мухталифи ҷомеа суҳбату вохӯриҳо ва мулоқотҳои  фаъолони ҳизб ва  номзадҳои онро ба таври густурда ташкил  карда  истодаем. Аз ҳамаи   намудҳои  васоити  ахбори  омма, расонаҳои  интернетӣ  ва  шабакаҳои  иҷтимоии он самарабахш истифода  мебарем. Дар саросари   ҷумҳурӣ   ба  теъдоди  бешаз 1,5 миллион варақаю  мусаввараҳо  ва   шиору   плакатҳоро  паҳн  кардем. Табиист, ки дар чунин ҳолат ҳизби мо фазои иттилоотии мамлакатро бештар фарогир  шудааст», – иброз доштааст Раънохон Маҳмудзода.

Гуфта мешавад, дар навбати худ сафири Ҷопон ба масъалаи иштироки   васеи   мардум дар ин маъракаи   интихоботӣ   таваҷҷуҳ  зоҳир  карда, ҳамзамон  дар мавриди  пешрафтҳои солҳои охири кишвари Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои  миёни ду мамлакат ибрози назар  ва изҳори  боварӣ   намудааст, ки   интихобот   ба таври шаффофу   демократӣ   барпо  мегардад  ва он  барои   рушди демократия  дар  Тоҷикистон   мусоидат   хоҳад    кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.