Иштироки нозирони интихобот аз ҳамаи кишварҳои ИДМ, ба ҷуз Украина

Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки роҳбари нозирони ИДМ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён мулоқот карда, дар он масъалаҳои омодагӣ ва баргузор намудани интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки роҳбари нозирони ИДМ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён мулоқот карда, дар он масъалаҳои омодагӣ ва баргузор намудани интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ С.Лебедев изҳор доштааст, ки КМИР барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани интихобот корҳои қобили мулоҳизаро ба анҷом расонидааст.

«С.Лебедев зикр кард, ки ба ҷуз намояндагони Украина, дар интихоботи қариблувуқӯъи парлумонии Тоҷикистон 204 нафар нозирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд ва нозирони ИДМ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон боздид намуда, омодагиии хуб ба ин маъракаи муҳимро зикр карданд», – гут Додозода.

Зимнан зикр гардид, ки роҳбари нозирони ИДМ дар маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2 март аз натиҷаи арзёбии интихобот аз ҷониби ҳайати ИДМ маълумот хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.