Тағйироти навбатии кадрӣ дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо иваз карда шуданд. Ҳамин тариқ, бо амру фармонҳои Президент ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо иваз карда шуданд.


Ҳамин тариқ, бо амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:

Абдулҳаким Розиқзода – раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Лутфия Абдулхолиқ – ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Идигул Қосимзода – ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;

Сайъало Мирзоев – директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе;

Алидод Расулов – сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муҳибулло Зувайдуллоев – директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе;

Исматулло Шодиев – директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Баҳром Исмоилов – директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

Ориф Табаров – директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон;

Ҳабибулло Саъдуллоев – директори муассисаи давлатии Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

Фирдавс Усмонов – директори муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сайфиддин Давлатов – сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ Хуршед Муҳаммадзода – узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ;

Мадиброн Саидзода ва Озод Юсупов аъзои ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ҳамчунин Назира Ғаффорова, Заробиддин Файзуллозода ва Сулаймон Зиёев бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси вилояти Суғд таъин карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:

Ғуломқодир Бобиев – президенти Академия таҳсилоти Тоҷикистон;

Ҳакимхон Валиев – сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон;

Осим Каримов – сардори раёсати маорифи вилояти Суғд;

Тавре аён гардид, аксари кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда мутахассисони ҷавон, соҳибмаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошанд. Аз ҷумла, ду нафаре, ки ба вазифаи ректор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъин шуданд, занони ҷавону фаъол ва болаёқатанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки чунин талабот доир ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар мубориза бо коррупсия – ин падидаи нангини ҷомеа, ҳамеша фаъол бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.