Боздиди атташеи ҳарбии сафорати Франсия дар Кобул аз АНМН

Рӯзи 27 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо полковник Силван Ланиэл – атташеи ҳарбии сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ Р. Назарзода ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо полковник Силван Ланиэл – атташеи ҳарбии сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ Р. Назарзода ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, тамоюли рушди он, ҳамкориҳо ва амалиётҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақл намуд.

Роҳбари Агентӣ ҷаноби Ланиэлро оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии Агентӣ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъаовар шинос намуд.

Атташеи ҳарбӣ омодагии худро дар гузаронидани тренинг дар заминаи Маркази таълимии Агентӣ барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи на танҳо Тоҷикистон, балки Афғонистон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар таҳияи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 баён намуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дутарафа дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.