Раиси ҲДТ пирӯзиаш дар интихоботро изҳор намуд

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов пирӯзиаш дар интихобот ба палатаи поёнии парлумонро изҳор намуд. Раиси ҲДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошт, ки дар ин маърака беш аз 77%-и интихобкунандагон ба ҷонибдории ӯ овоз додаанд. «Ба ман аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор №34 занг зада, бо ғалаба табрик карданд», – иброз дошт […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов пирӯзиаш дар интихобот ба палатаи поёнии парлумонро изҳор намуд.

Раиси ҲДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошт, ки дар ин маърака беш аз 77%-и интихобкунандагон ба ҷонибдории ӯ овоз додаанд. «Ба ман аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор №34 занг зада, бо ғалаба табрик карданд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл аз интихобот се нафар номзадҳои расман сабтиномшуда аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор №34 якбора номзадии худро бозпас хонда, аз рақобати минбаъда даст кашиданд. Инҳо номзади Ҳизби аграрӣ Нуриддин Азматов, намояндаи Ҳизби халқии демократӣ Сафаралӣ Шарифов ва номзади худпешбаришуда Мавлонбӣ Тӯраева мебошанд.

Дар ин ҳавза барои курсии вакилӣ раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҲНИТ Зайниддин Юсуфов ва номзади худпешабришуда Юсуфхон Сайфиддинов рақобат карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.