Кабирӣ: ҲНИТ натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба натиҷаҳои интихоботи парлумонии аз ҷониби КМИР садодода, ки тибқи он 1,5%-и интихобкунандагон ба ҷонибдории рӯйхати ҳизбии ҲНИТ раъй додаанд, изхор дошт, ки ин рақам асоси воқеӣ надорад. Ӯ ба журналистон изҳор намуд, ки ояндаи наздик Шӯрои сиёсии ҳизб ҷаласа доир намуда, дар он назари ҳамаи […]

Ҳумайро Бахтиёр



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба натиҷаҳои интихоботи парлумонии аз ҷониби КМИР садодода, ки тибқи он 1,5%-и интихобкунандагон ба ҷонибдории рӯйхати ҳизбии ҲНИТ раъй додаанд, изхор дошт, ки ин рақам асоси воқеӣ надорад.

Ӯ ба журналистон изҳор намуд, ки ояндаи наздик Шӯрои сиёсии ҳизб ҷаласа доир намуда, дар он назари ҳамаи намояндагон дар минтақаҳо шунида мешаванд ва танҳо баъди он ба натиҷаҳои интихобот баҳои ниҳоӣ дода хоҳад шуд.

Ба саволи журналистон оид ба робита доштани натиҷаҳои интихобот ба маҳсули барномаи «зиддинаҳзатӣ» раиси ҲНИТ посух дод: «Албатта, кӯшиш карданд, ки ба ҳадаф расидани ин барномаҳоро нишон диҳанд, вале ман чунин фикр намекунам. Аз ин интихоботи тақаллубӣ мардум бохт кард ва ин қабл аз ҳама, ба нафъи ҳукумат нахоҳад буд. Ман хоҳони он нестам, ки ҳукумати Тоҷикистон мавриди интиқод қарор дошта бошад».

Кабирӣ таъкид дошт, ки «ҲНИТ дар доираи қонун амал мекард ва минбаъд низ чунин мекунад». «Мавҷуд будан ё набудани ҲНИТ-ро қонун ва мардум ҳал мекунанд», – зикр кард раиси ҲНИТ.

«Мо огаҳ будем, ки фишор вуҷуд дорад ва барои мо осон нахоҳад буд, лекин дар бораи чунин натиҷаҳо фикр надоштем, – қайд кард Кабирӣ. – ҲНИТ ҳеҷ гоҳ дар ҳоли эҳсосот тасмим нагирифтааст. Мо ҳамаашро баррасиву таҳлил мекунем ва сипас қарори умумиеро қабул хоҳем кард, ки ба нафъи ҳизбу мардум бошад».

Ёдрас мекунем, ки санаи 1-уми март дар Тоҷикистон

 

маъракаи интихоботи парлумонӣ


 баргузор шуд. Субҳи имрӯз КМИР Тоҷикистон


натиҷаҳои пешакии интихобот


ба парлумон тибқи рӯйхатҳои ҳизбиро эълон кард. Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба палатаи поёнии парлумон роҳ наёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре «Азия-Плюс» аз КМИР огаҳӣ ёфт, ҳеҷ кадоме аз намояндагони ҲНИТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ низ ба парлумон роҳ наёфтаанд. Аз 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 22 намояндаи ҲНИТ номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуда буданд.

Эълони натиҷаҳои интихоботи парлумон дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ пагоҳ, 3 март дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.