САҲА: Интихобот дар Тоҷикистон оркест бо дирижёрро ба хотир меовард

Зимни брифинги имрӯза дар Душанбе намояндагони ҳайати байнулмилалии нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки сарфи назар аз вуҷуд доштани интихоби начандон зиёди сиёсӣ, маъракаи интихоботӣ дар Тоҷикистон дар вазъи назоратшаванда баргузор гардид. Ба гуфтаи Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА), […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни брифинги имрӯза дар Душанбе намояндагони ҳайати байнулмилалии нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки сарфи назар аз вуҷуд доштани интихоби начандон зиёди сиёсӣ, маъракаи интихоботӣ дар Тоҷикистон дар вазъи назоратшаванда баргузор гардид.

Ба гуфтаи Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА), «интихобот ба ҳукумат вобастагӣ дошт, ки тамоми ҷараёни онро «аз боло то поён» назорат мекард. Ӯ таъкид дошт, ки ин интихобот оркест бо дирижёрро ба хотир меовард.

Номбурда қайд кард, ки КМИР дастурҳои махсус нашр накардааст, ки аз имкони содир шудани қонуншиканиҳои гуногун пешгирӣ шавад. «Як нафар метавонист чандин маротиба овоз диҳад», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи САҲА зикр кард, ки ҳангоми маъракаи пешазинтихоботӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо номи «ҳизби ҷанг» айбдор карданӣ мешуданд ва дар интихобот ба ин ҳизб ҳамаҷониба халал мерасониданд.

Ғайр аз ин, ба таъкиди ӯ, ба дигар ҳизбҳо платформаи сиёсӣ дода нашуда, сиёсатмадорони мухолиф мавриди таъқиб ва бархе аз онҳо маҳкум шуданд.

Ҳарасти бар ин назар аст, ки бидуни муколамаи дахлдор ва муҳайё сохтани шароити баробар ба ҳамаи иштирокчиён баргузор намудани интихоботи демократӣ ғайриимкон аст. «Қариб 70%-и овозҳо дар сатҳи бад ё хеле бад ҳисобу китоб шуданд», – гуфт ӯ.

Номбурда илова намуд, ки «дар Тоҷикистон ягон кафолати интихоботи мунсифона ва шаффоф вуҷуд надорад».

Ҳамчунин дар бораи камбудиҳои сершумор дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамоҳангсози махсус ва роҳбари миссияи кӯтоҳмуҳлати нозирони САХА Мариетта Тидеи ва роҳбари ҳайати Ассамблеияи парлумонии САҲА Йорген Беккеволт низ ибрози назар намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.