Мирзохӯҷа Аҳмадов: Ман ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ҲНИТ набудам

– Ман ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон набудам ва ҳамеша мухолифи ба сиёсат гаравидани дин, аз ҷумла дини ислом ҳастам, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов. Дар робита ба суханрониаш тариқи Шабакаи аввали телевизион рӯзи […]

Аваз Юлдошев



– Ман ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон набудам ва ҳамеша мухолифи ба сиёсат гаравидани дин, аз ҷумла дини ислом ҳастам, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов.

Дар робита ба суханрониаш тариқи Шабакаи аввали телевизион рӯзи 27 феврал ва даъвати мардум ба раъйдиҳӣ ба ҷонибдории ҳизби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯ зикр кард, ки ин даъваташ самимона аст ва касе инро аз ӯ дархост накарда, гузашта аз ин, маҷбур ҳам накардааст.

«Ман дарк мекунам, ки президент ва ҳизби таҳти раҳбарии ӯ қарордошта барои рушди давлат, сулҳу суботдар сарзамини тоҷикон, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум хизматҳои зиёде карданд. Бо назардошти ин, ман аз мардуми Тоҷикистон даъват кардам, ки ҲХДТ-ро дастгирӣ кунанд. Агар даъвати ман пазируфта шуда бошад, аз ин хушнудам», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.