Манъи рекламаи доруворӣ ва ғизои кӯдакон бидуни иҷозатномаи фурӯш



Дар иҷлосияи охирини палатаи болоии парлумон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, тағйироту иловаи қаблан аз ҷониби палатаи поёни парлумон қабулшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода зимни суханронӣ дар иҷлосия изҳор намуд, ки тибқи тағйироту илова паҳн кардани рекламаи доруворӣ, таҷҳизоту техникаи тиббӣ ва ғизо барои кӯдакон, ки барои фурӯш дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома надоранд, манъ карда мешавад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ имрӯз ҳамчунин тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон»-ро низ дастгирӣ намуданд, ки мутобиқи он истеҳсолкунандаи мол ба дарҷ кардани маълумот дар бораи ширкати истеҳсолкунандаи мол уҳдадор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное