Қурби доллар дар Душанбе тайи як ҳафта 2% боло рафт

Тайи як ҳафта қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ (сомонӣ) дар бозорҳои нақдии шаҳри Душанбе 2% боло рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 5 март қурби миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар пойтахт 6,0400-6,0600 (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад. Як ҳафта қабл қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе […]

Пайрав Чоршанбиев



Тайи як ҳафта қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ (сомонӣ) дар бозорҳои нақдии шаҳри Душанбе 2% боло рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 5 март қурби миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар пойтахт 6,0400-6,0600 (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад. Як ҳафта қабл қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 5,9400-5,9600 сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар 4 минтақаи Тоҷикистон давоми як ҳафта 2,6% – аз 5,9200-5,9400 сомонӣ (26 феврал) то ба 6,0525-6,1300 сомонӣ (5 март) афзуд.

Тибқи маълумоти БМТ, қурби аз ҳама баланди хариду фурӯши доллари ИМА миёни минтақаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (6,1200-6,1300 сомонӣ) ва қурби нисбатан пасттар дар шаҳри Хоурғ (5,7000-5,7200 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 5 март қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА 5,0500-5,0700 сомонӣ ва шаҳри Кӯлоб – 6,000-6,0200 сомониро ташкил доданд.

Қобили зикр аст, ки қурбҳои миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар бозори байнибонкии асъори ҷумҳурӣ санаи 5 март 5,7164-5,9978 сомониро ташкил доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.