Ҷонибдории палатаи болоии парлумон аз номзадҳои муовинони прокурори генералӣ

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи 21-уми охирини палатаи болоии парлумон даъвати гузашта баргузор шуд. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ номзадҳои аз ҷониби президент пешниҳодшуда ба вазифаи муовини аввали прокурори генералии ҶТ Ҳотам Назарзода, муовинони прокурори генералии ҶТ Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳҳобов, муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозодаро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Аъзои […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи 21-уми охирини палатаи болоии парлумон даъвати гузашта баргузор шуд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ номзадҳои аз ҷониби президент пешниҳодшуда ба вазифаи муовини аввали прокурори генералии ҶТ Ҳотам Назарзода, муовинони прокурори генералии ҶТ Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳҳобов, муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозодаро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин пешниҳоди президент дар бораи аз вазифаҳояшон озод шудани муовинони пешини прокурори генералӣ Абдуқодир Муҳаммадиев, Ҳабибулло Воҳидов, Абдурашид Кишварзода ва Хайрулло Саидзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанро низ дастгирӣ карданд.

Аъзои палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳоди президент дар бораи аз вазифа бозхонд шудани судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Сафармо Имомоваро низ маъқул шумориданд.

Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, рӯйхати аз ҷониби президент пешниҳодшудаи машваратчиёни халқии Суди олии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2010 тасдиқ шуд, ки аз 201 нафар шаҳрвандони кишвар иборат аст. Ба рӯйхати тасдиқшудаи машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди олӣ 104 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ шомил гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.