Убайдуллоев: Интихоботи доиргардида беҳтарин интихобот дар таърихи Тоҷикистон аст

– Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки санаи 1 март доир гардид, беҳтарин маъракаи интихоботӣ дар таърихи Тоҷикистон аст, – изҳор дошт имрӯз раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронӣ дар иҷлосияи охирини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, мардуми кишвар бо раъйи худ бори дигар собит сохт, […]

Аваз Юлдошев



– Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки санаи 1 март доир гардид, беҳтарин маъракаи интихоботӣ дар таърихи Тоҷикистон аст, – изҳор дошт имрӯз раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронӣ дар иҷлосияи охирини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, мардуми кишвар бо раъйи худ бори дигар собит сохт, ки комилан аз сиёсати пешгирифтаи президент баҳри шукуфоии Тоҷикистон ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии аҳолии он ҷонибдорӣ мекунад.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти даъвати кунунии палатаи болоии парлумони кишвар, М.Убайдуллоев қайд кард, ки муддати 5 сол аъзои Маҷлиси миллӣ 607 қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшударо тасдиқ карданд, ки аксари онҳо аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод шуда буданд.

«Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ давоми 5 сол мо номи беш аз 700 маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро иваз намудем ва имрӯз низ ҷамоати Қабодиёни ноҳияи Қабодиён ва ҷамоати Заркамар табдили ном кард», – таъкид дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки тӯди 5 соли фаъолияти Маҷлиси миллӣ беш аз 50 ҳайати парлумонии бисёр кишварҳои дунё аз он боздид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.