Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав дар гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се шаҳрванд – сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки аз онҳо 1 кг воситаи нашъаовари гашиш мусодира гардид.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, дастгишудагон ният доштанд, маводи нашъаоварро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Айни ҳол чораҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ андешида шудаанд.
Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 3 – (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ҳоло ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.



