Президент муовинони роҳбари Агентии зиддифасодро таъин кард



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовинони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, рӯзи 6 март бо фармони сарвари давлат Хайрзода Давлатбек Зайниддин ва Нусратзода Иброҳим муовинони директори Агентии зикршуда таъин гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз нимаи моҳи феврал бо фармони президент муовини аввали директори Агентии зиддифасод Тоҳир Ҷобирзода ва муовинони директори Агентии мазкур Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишоев аз мансаб сабукдӯш гардида буданд.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи санаи 1 март баргузоршуда Тоҳир Ҷобирзода вакили палатаи поёнии парлумони кишвар интихоб карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное