Президент муовинони роҳбари Агентии зиддифасодро таъин кард

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовинони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, рӯзи 6 март бо фармони сарвари давлат Хайрзода Давлатбек Зайниддин ва Нусратзода Иброҳим муовинони директори Агентии зикршуда таъин гардиданд. Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз нимаи моҳи […]

ASIA-Plus



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовинони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, рӯзи 6 март бо фармони сарвари давлат Хайрзода Давлатбек Зайниддин ва Нусратзода Иброҳим муовинони директори Агентии зикршуда таъин гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз нимаи моҳи феврал бо фармони президент муовини аввали директори Агентии зиддифасод Тоҳир Ҷобирзода ва муовинони директори Агентии мазкур Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишоев аз мансаб сабукдӯш гардида буданд.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи санаи 1 март баргузоршуда Тоҳир Ҷобирзода вакили палатаи поёнии парлумони кишвар интихоб карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.