Профессор Қаюмов: Тоҷикистон ба таъмини амнияти ғизоии худ қодир аст

Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов бар ин назар аст, ки захираҳои дохилии Тоҷикистон барои комилан бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин намудани ахолии ҷумҳурӣ кофӣ аст. Профессор дар ин робита қайд кард, ки тӯли солҳои кориаш солҳои 80-уми қарни гузашта, замони раҳбариаш дар Пажуҳишгоҳи иқтисодии Госплани ҶШС Тоҷикистон Госплани Иттиҳоди Шӯравӣ онҳоро […]

Пайрав Чоршанбиев



Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов бар ин назар аст, ки захираҳои дохилии Тоҷикистон барои комилан бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин намудани ахолии ҷумҳурӣ кофӣ аст.

Профессор дар ин робита қайд кард, ки тӯли солҳои кориаш солҳои 80-уми қарни гузашта, замони раҳбариаш дар Пажуҳишгоҳи иқтисодии Госплани ҶШС Тоҷикистон Госплани Иттиҳоди Шӯравӣ онҳоро уҳдадор кардааст, ки имконоти Тоҷикистон ҷиҳати то чӣ қадар шумор аҳолиро бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин намудан аз ҳисоби захираҳои дохилиро муайян намоянд.

«Он замон мо бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмӣ таҳлилҳо гузаронида, ба хулоса расидем, ки Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилии худ 25-30 млн. нафарро бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда метавонад ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки он вақт аҳолии кишвар аз 5 млн. нафар зиёд набуд ва ҳоло бошад, аҳолии кишвари мо ҳудуди 8,5 млн. нафарро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Гузашта аз ин, таъкид дошт Н.Қаюмов, сатҳи имрӯзаи рушди илму техника имконоти кишварро ҳадди ақал ду маротиба – то 50 млн. нафар афзун мекунад.

Профессор зикр кард, ки имрӯз бисёр кишварҳои дунё бо қаламрави аз Тоҷикистон камтару ахолии бештар аз Тоҷикистон аз ҳисоби захирахои дохилии худ аҳолиашонро бо маҳслуоти ғизйоӣ таъмин мекунанд ва агар рӯи ин масъалаҳо мо ҳам ҷиддӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, мо ҳам аз уҳдаи иҷрои ин кор мебароем.

Н.Қаюмов таъкид дошт, ки аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ҳеҷ кадоме аз кишварҳои дунё ба давлати тараққикарда табдил наёфтааст. «Замоне ба ин кор маҷбур буданд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардум ба муҳоҷират маҷбур буданд, то ки мушкилоти иҷтимоии худро ҳал намоянд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки рӯйи ин масъала андеша кунем. Ба мунтазам корҷуйии шаҳрвандони мо дар муҳоҷират хотима бахшидан зарур аст. Агар ягон тадбирҳои ҷиддӣ наандешем, вазъи иқтисдиву иҷтимоӣ дар кишвар боз ҳам бадтар мешавад», – муътақид аст ӯ.

Ба андешаи Қаюмов, рушди бахши воқеъии иқтисод зарур аст, қабл аз ҳама саноат ва кишоварзӣ. «Дар паём ба парлумон президент изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир модели иқтисодии кишвари мо хеле тағйир пазируфта, Тоҷикистон аз кишвари индустриалӣ-аграрӣ ба кишвари аграрӣ-индустриалӣ табдил ёфтааст, ки ба бунбаст мебарад. Ин огаҳӣ ба сохторҳои дахлдор, пеш аз ҳама бахши иқтисодӣ аст, то ки сари масъалаи барқарор кардани саноати кишвар андеша намоянд. Мо нерӯи кори арзон ва ашёи хоми кофӣ дорем. Сохторҳои дахлдорро танҳо зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ биандешанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.