Ҷамъомади идонаи тантанавӣ дар «Кохи Наврӯз» доир мегардад



Дар маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе рӯзи 19 март бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ба ҷамъомади тантанавӣ намояндагони ҳукумат, парлумон, аҳли ҷомеа, вазорату идорахои кишвар ва ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват карда шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми қисмати расмии ҷаъомад устодони санъати кишвар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ мекунанд.

Қобили қайд аст, ки «Кохи Наврӯз» аз 12 толор иборат аст. Дар ин ҷо супермаркет, толори саққобозӣ (билярд), диско-клуб, кинотеатр, толори фарҳангӣ, толори қабулу зиёфат, толори сангӣ бо кандакорӣ, толори гаҷкорӣ бо оинаҳо ва ду толори қабули меҳмонони воломақом ҷойгир аст.

Кох дар як вақт метавонад 3 ҳазору 200 нафар меҳмононро қабул кунад. Чанде қабл дар онтарабхона ва супермаркет ифтитоҳ гардида, ояндаи наздик толори саққобозӣ, дискоклуб ва кинотеатр ба фаъолият оғоз мекунанд.

Корҳои ороишоти кох аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бо услуби миллӣ анҷом дода шуда, атрофи кохро боғи сарсабз ва фаввораҳо иҳота мекунад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, майдони умумии «Кохи Наврӯз» ҳудуди се гектарро ташкил медиҳад.

Нахуст ифтитоҳи «Кохи Наврӯз» соли 2012 ба нақша гирифта шуда, ҳамчун чойхона лоиҳакашӣ шуда буд, ки бояд дар минтақа чойхонаи бузургтарин маҳсуб меёфт.

spot_imgspot_img

Популярное