Ҷамъомади идонаи тантанавӣ дар «Кохи Наврӯз» доир мегардад

Дар маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе рӯзи 19 март бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ба ҷамъомади тантанавӣ намояндагони ҳукумат, парлумон, аҳли ҷомеа, вазорату идорахои кишвар ва ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Дар маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе рӯзи 19 март бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ба ҷамъомади тантанавӣ намояндагони ҳукумат, парлумон, аҳли ҷомеа, вазорату идорахои кишвар ва ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват карда шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми қисмати расмии ҷаъомад устодони санъати кишвар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ мекунанд.

Қобили қайд аст, ки «Кохи Наврӯз» аз 12 толор иборат аст. Дар ин ҷо супермаркет, толори саққобозӣ (билярд), диско-клуб, кинотеатр, толори фарҳангӣ, толори қабулу зиёфат, толори сангӣ бо кандакорӣ, толори гаҷкорӣ бо оинаҳо ва ду толори қабули меҳмонони воломақом ҷойгир аст.

Кох дар як вақт метавонад 3 ҳазору 200 нафар меҳмононро қабул кунад. Чанде қабл дар онтарабхона ва супермаркет ифтитоҳ гардида, ояндаи наздик толори саққобозӣ, дискоклуб ва кинотеатр ба фаъолият оғоз мекунанд.

Корҳои ороишоти кох аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бо услуби миллӣ анҷом дода шуда, атрофи кохро боғи сарсабз ва фаввораҳо иҳота мекунад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, майдони умумии «Кохи Наврӯз» ҳудуди се гектарро ташкил медиҳад.

Нахуст ифтитоҳи «Кохи Наврӯз» соли 2012 ба нақша гирифта шуда, ҳамчун чойхона лоиҳакашӣ шуда буд, ки бояд дар минтақа чойхонаи бузургтарин маҳсуб меёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.