КДАМ: Боздошти 3 сокини Ҳамадонӣ ба гумони нашъаҷаллобӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ 3 сокини ноҳияи Ҳамадониии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 18,5 кило маводи мухаддири афюнро мусодира намуданд. Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки онҳоро бо маводи мухаддир барои […]



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ 3 сокини ноҳияи Ҳамадониии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 18,5 кило маводи мухаддири афюнро мусодира намуданд.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки онҳоро бо маводи мухаддир барои фурӯши минбаъда шаҳрванди Афғонистон бо номи Сӯфӣ аз ин кишвар таъмин карда будааст.

«Яке аз боздоштшудагон бо Сӯфӣ дар зиндони Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамроҳ адои ҷазо намуда, дар он ҷо бо ҳамдигар шинос мешаванд ва пас аз ба озодӣ баромадан ҷиҳати «ҳамкорӣ» дар интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон ба мувофиқа мерасанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ба ин тиҷорати ҷинояткорона боз ду ҳамдиёрашро ҳам ҷалб мекунад, ки онҳо маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.