Шаҳрдории пойтахт дар ҷашни Наврӯз тӯйи 80 ҷуфти навхонадоронро ташкил мекунад

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иди Наврӯз муддати ду рӯз ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои идона субҳи рӯзи 21-уми март дар тамоми маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт оғоз гардида, дар онҳо сокинони маҳаллӣ, кормандони мақомоти шаҳрдорӣ ва аҳли фарҳангу зиёиён ширкат меварзанд. Чорабиниҳои асосии идона ба муносибати ҷашни […]



Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иди Наврӯз муддати ду рӯз ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои идона субҳи рӯзи 21-уми март дар тамоми маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт оғоз гардида, дар онҳо сокинони маҳаллӣ, кормандони мақомоти шаҳрдорӣ ва аҳли фарҳангу зиёиён ширкат меварзанд.

Чорабиниҳои асосии идона ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзи 23 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор мешаванд. Дар ин ҷо ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоиши театрикунонидашуда пешкаш мегардад, ки коргардон ва басаҳнагузорандааш Ҳунарманди мурдумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов аст.

Дар намоишҳои оммавии чорабиниҳои идона донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии санъат, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, коллеҷҳои мусиқӣ ва мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.

Ҳамчунин шаҳрдории пойтахт дар ҷашни Наврӯз тӯйи арӯсии 80 ҷуфти навхонадоронро ташкил мекунад

Қобили зикр аст, ки имсол иди Наврӯз дар Тоҷикистон муддати 6 рӯз, аз 21 то 26 март ҷашн гирифта шуда, ин рӯзҳо истироҳат эълон шудаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.