КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии санаи 1 март дар ҷумҳурӣ баргузоршударо эълон кард.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) – 65,4% (натиҷаҳои пешакӣ – 65,2%), Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) – 11,7% (11,8%), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) – 7,5% (7,6%), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) – 5,5% (5,5%)-и раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро – 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) – 1,6% (натиҷаҳои пешакӣ – 1,5%), Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) – 2,2% (2,3%), Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) – 1,7% ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) – 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд.

«Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд», – қайд кард манбаъ.

Ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ – 41 нафар ва аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ – 22 нафар вакилон интихоб карда мешаванд.

Барои курсиҳои вакилӣ дар маҷмӯъ 285 нафар номзадҳо (103 нафар – тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 182 нафар – аз ҳавзаҳои якмандатӣ, аз ҷумла ҳудуди 80 нафар тариқи худпешбарӣ) рақобат карданд. Миёни номзадҳо 30 нафарашон занон мебошанд.

Дар интихобот ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар – Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок карданд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ) ҳизбҳое, ки аз шумори умумӣ зиёда аз 5% овозҳоро мегиранд, ба курсиҳо дар парлумон соҳиб мешаванд.

Дар мониторинги интихобот 528 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 1 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ҳузур доштанд. Ҷараёни интихоботро беш аз 100 нафар хабарнигорони васоити ахбори умуми расонаҳои хориҷӣ инъикос намуданд. 

spot_imgspot_img

Популярное