Эълони барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Шоми рӯзи 11 март дар Театри академии ба номи А.Лоҳутӣ ба муносибати иди касбии рӯзноманигорон – Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акабаралӣ Сатторов рӯзноманигорони кишварро табрик гуфта, барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон кард. Ҳамин тариқ, дар номинатсияи «Телевизион» хабарнигори телевизиони «Сафина» Нигинаи Муъмин, дар бахши радио корманди […]



Шоми рӯзи 11 март дар Театри академии ба номи А.Лоҳутӣ ба муносибати иди касбии рӯзноманигорон – Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акабаралӣ Сатторов рӯзноманигорони кишварро табрик гуфта, барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон кард.

Ҳамин тариқ, дар номинатсияи «Телевизион» хабарнигори телевизиони «Сафина» Нигинаи Муъмин, дар бахши радио корманди радио Абдуғаффор Убайдуллоев, дар номинатсияи «Публитсистика ва журналистика» Масрур Абдуллоев ва Сироҷиддин Икромӣ ва дар номинатсияи «ВАО-и чопӣ» Абдувоҳид Маликов ва Эркин Шукуров ба ҷоизаҳо соҳиб гардиданд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков изҳор намуд, ки «агар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 100 газета нашр мешуд, пас шумори онҳо имрӯз ба 329 адад расидааст, ки 210-тоашон хусусӣ мебошанд».

Як зумра журналистон бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», ифтихорномахои Вазорати фарҳанги ҶТ ва дипломҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола санаи 11 март ҷашн гирифта мешавад. Маҳз рӯзи 11 марти соли 1912 шумораи нахусти газетаи «Бухорои Шариф» бо забони тоҷикӣ ба табъ расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.