Суғд: Сабти 3 далели худкушии мардон дар як шабонарӯз

Давоми як шабонарӯз дар вилояти Суғд 3 далели даст ба худкушӣ задани мардон ба қайд гирифта шуд. Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин дафъа як донишҷӯ ва ду марди оиладор ба ин амал даст задаанд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10 март донишҷӯи соли 2-юми Донишкадаи кӯҳкорӣ-металлургӣ, сокини […]



Давоми як шабонарӯз дар вилояти Суғд 3 далели даст ба худкушӣ задани мардон ба қайд гирифта шуд.

Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин дафъа як донишҷӯ ва ду марди оиладор ба ин амал даст задаанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10 март донишҷӯи соли 2-юми Донишкадаи кӯҳкорӣ-металлургӣ, сокини шаҳри Кайроққум, И.И.-и 20-сола дар манзили иҷорааш худро ба дор овехта, ҳамин рӯз сокини ноҳияи Мастчоҳ, падари панҷ фарзанд М.К.-и 53-сола низ бо ин роҳ худро куштааст.

«Шоми рӯзи 10 март сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, падари 3 фарзанд М.К.-и 45 сола низ даст ба худкушӣ задааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ҳамаи ин далелҳо корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.