Нахустин пирӯзии дастаҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеретсияи футболи Осиё» (КФО) дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бар дастаи «Аҳал»-и Туркманистон дар Ашқобод бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гашт. Бино ба иттилои торнамои тоҷикии радиои «Озодӣ» , ин бозии сабқати гурӯҳи “С” шоми рӯзи 11-уми март, дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон баргузор гардида, нахустин пирӯзии дастаҳои футболи Тоҷикистон […]



Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеретсияи футболи Осиё» (КФО) дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бар дастаи «Аҳал»-и Туркманистон дар Ашқобод бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гашт.

Бино ба иттилои торнамои тоҷикии

радиои «Озодӣ»

, ин бозии сабқати гурӯҳи “С” шоми рӯзи 11-уми март, дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон баргузор гардида, нахустин пирӯзии дастаҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC маҳсуб мешавад.

Гуфта мешавад, Фатҳулло Фатҳуллоев, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Вале мизбонон дар дақиқаи 27-ум ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Сулаймон Оразов ба ҳадаф расонд. Голи дувуми “Истиқлол”-ро нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 70-ум зад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар гурӯҳи “С” имрӯз боз як бозӣ байни дастаҳои «Эрбил»-и Ироқ ва  «Ал-Қодсия»-и Кувайт баргузор шуд. Ин бозӣ, ки дар майдони бетараф – варзишгоҳи «Абдулло Бин Халифа Стэдиум»-и Қатар барпо гардид, бо пирӯзии кувайтиҳо бо ҳисоби 1-0 ба анҷом расид. Голи ягонаро Даниэл Суботик дар дақиқаи 77-ум зад.

Пас аз ду даври бозиҳо дар гурӯҳи «С» дар ҷадвал бо 6 имтиёз дастаи  «Ал-Қодсия» пешсаф буда, «Эрбил» ва «Истиқлол» бо 3 имтиёзӣ дар зинахои дуюму сеюм қарор доранд. Даста «Аҳал» алҳол ҳеҷ имтиёз ба даст наовардааст. Бози навбатии «Истиқлол» рӯзи 18 март дар сафар бот ими «Ал-Қодсия» доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.