Боздиди намояндагони Ҷопон ва Ҷумҳурии Корея аз ВКХ Тоҷикистон



Рӯзи 13  марти соли 2015 вазири корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе  Киёши Ишииро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва лоиҳаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои судманд дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои об ва беҳдошт ва инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот Протоколи марбут ба татбиқи лоиҳаи “Бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳоли ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо кордори сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йом Ки Ёнг баргузор гашт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар табодули назар карданд.

spot_imgspot_img

Популярное