Кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшҳои Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон дар пойтахт таҳти сарварии муовини аввали раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода имрӯз дар боғи «3000-солагии Ҳисор» дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат меварзанд.
Усмон Солеҳ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маърака беш аз 100 нафар фаъолони ҳизб иштирок мекунанд. «Фаъолони ҳизб имрӯз дар Ҳисор зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ мешинонанд», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дастгоҳи марказии ҲХДТ ба тамоми бахшҳои аввалияи худ дар минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки дар маъракаҳои сабзгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ва парвариши боғу токзорҳо фаъолона саҳм гиранд.



