Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи тозаинтихобои вилоят баргузор шуд.
Котиби матбуотии раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар иҷлосия ҳайатҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят таъсис дода шуданд.
«Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедро якдилона номзад ба аъзогии палатаи болоии пардумон пешбарӣ намуданд», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар даъвати гузаштаи палати болоии парлумони ҷумҳурӣ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Қобили зикр аст, ки интихобот ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 27 март доир мегардад.



