Ахири ҳафтаи сипаришуда маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ғайринавбатии Мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ҷаласа вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зарурат ва муҳимияти проблемаҳои коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи афзалиятнок ва ҳалталаби рӯз дониста, ҷиҳати амалӣ намудани як қатор чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки масъалаи риояи интизоми хизматӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ, яке аз омилҳои пешрафти фаъолияти хизматӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои профилактикӣ-пешгирикунанда пурзӯр карда шаванд.
Дар идомаи ҷаласаи Мушовара сардори Раёсати амнияти дохилӣ генерал-майори милитсия Орифзода Н.М., сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Раҳимзода А.А. ва сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил полковники милитсия Азизуллозода С.А. баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматии ниҳодҳои зертобеъашон ҳисобот доданд.
Вазири корҳои дохилӣ доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионӣ дошта, тамаъҷӯӣ, порагирӣ, қалбакӣ сохтани ҳуҷҷатҳо, ҷиноятҳои зеҳнӣ, иттилоотӣ, муомилоти ғайриқонунии сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, хариду фурӯши ғайриқонуни замин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, аз масъулин қатъӣ талаб намуд, ки корро дар ин самтҳо ҷоннок намоянд.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои вазъи интизоми хизматӣ, риояи қонуният ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионӣ дошта ба таври объективӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасогиҳое, ки дар фаъолияти мақомот ҷой доштанд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.



